Вохурӣ бо довталабон дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус

Гурӯҳҳои таблиғотии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояту ҷумҳурӣ идома дода истодаанд. Ҳамин тавр як ҳайати корӣ бо роҳбарии мушовири ректори Донишкада дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус ба донишҷӯёни оянда оиди шарту шароитҳои таҳсилу зист дар ин Донишкада маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Танҳо дар ин се ноҳия дар вохӯриву суҳбатҳо зиёда аз 700 хатмкунандагон иштирок доштанд, ки дар миёни онҳо хоҳишмандони ба ДЭТ шомил шуданд кам набуданд.

Муфассал...

Конференсияи байналмиллалӣ

Рӯзи 15-16 маи соли 2018 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конференсияи байналмиллалӣ таҳти унвони “Рушди устувори консорсиуми обӣ-энергетикии Осиёи Марказӣ-масири асосии ба даст овардани истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори конференсия меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии агротехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, инчунин намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд. Конференсия дар се бахш фаъолият намуд ва дар ҳама бахшҳо маърӯзаҳои ҷолиби диққат пешниҳод ва шунида шуданд. Маърӯзаҳо, инчунин мақолаҳои олимон аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Белорус дар шакли маҷмуъаи илмии Донишкада омода ва нашр гардиданд.

Муфассал...

Семинари омӯзишӣ

an image

Рӯзи 16 майи соли 2018 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз тарафи ширкати ТСЕЛ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “ Дуруст пур кардани СV ва қоидаҳои асосии мусоҳиба “, бо иштироки намояндагони ширкат ва донишҷӯёни хатмкунандаи Донишкада гузаронида шуд. Ин семинар ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хатмкунандагон дар бораи ҳуҷҷатнигорӣ ва муомила ва муошират бо кордиҳандагон самараовар буд. Дар охири семинар донишҷӯёне, ки дар рафти муҳокимарониҳо ва пешниҳоди таклифу хулосаҳо фаъолона ширкат намуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.




Муфассал...

Иди ғалаба муборак!

an image

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.

Муфассал...

Наврузи оламафрӯз муборак ҳамдиёрони азиз!

an image

Ҳамдиёрони азиз, аҳли Роҳбарият, устодон ва донишҷӯени Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шуморо бо фарорасии Наврӯзи дилафрӯз муборакбод гӯфта, ба Шумо тансиҳатию хонаободӣ, хушрӯзгорию хушбахтӣ, сарбаландию сарфарозиро таманно менамояд.

Бигузор дар хонадони Шумо ҳамеша файзу баракат, тинҷию оромӣ, хуррамию шодию нишот арзонӣ бошад.




Муфассал...

Рузи модарон табрик!

an image

Модарон, хоҳарон ва бонувони азиз, аҳли раёсат, устодону кормандон ва донишҷȳёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шуморо ба ифтихори Рȳзи Модарон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо дар зиндагию кору фаъолиятатон, тандурустӣ, оромию осудагӣ, хушбахтиву хуррамӣ, бахти бедору қалби саршор аз меҳру муҳаббатро таманно менамоянд.

Муфассал...

Тоҷикистон – маҳди тамаддун, намод аз сулҳ, субот ва тавсеа дар минтақа

Мақола тавассути муҳандис Эҳсонулло Ҳомӣ, шаҳрванди Афғонистон аз натиҷаи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нигошта шудааст.

Навиштаи мазкур натиҷаи сафари чандрӯзаи камина ба кишвари дӯст ва ҳамсояи некамон – Тоҷикистон мебошад, ки барои хонандагони азиз ҷиҳати шинохти бештар аз ин ҳамсоякишвар муфид аст. Кишвари Тоҷикистон бо он, ки мисли кишварҳои дигар, таъми талхи рӯзгорро дар бистари такомули таърихии худ чашида, аммо бо он ҳам мардумони ин сарзамин бо дароят ва фаҳми олӣ, сиёсатмадорони он бо роҳбарии хирадмандона бо пешинаи фарҳангии бузурги мамлу аз корвони тамаддун ва пешрафт, бо заҳмати шаборӯзиашон дарахти тануманди инкишоф, тараққӣ,сулҳ ва таъолиро, ҳамвора пурбор ва бо самар доштаанд.

Муфассал...